ТАЪСИРИ ОМИЛҲОИ БЕРУНА БА АМНИЯТИ ИҚТИСОДИИ БОНКҲО
Дар шароити ҷаҳонишавии равобити иқтисодӣ, таасуроти омилҳои беруна ба амнияти иқтисодии кишварҳо ва аз ҷумла бахши бонкӣ бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ин нигоҳ, муаллиф дар мақола кӯшиш намудааст то андешаҳои худро дар бобати таъсири омилҳои беруна ба бахши бонкӣ мавриди пешниҳод қарор диҳад. Бар ин асос, муаллиф иброз доштааст, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба замоне бар мегардад, ки тиҷорати байналмилалӣ байни кишварҳои мухталифи ҷаҳон шуруъ гардид. Аз ин рӯ, эътимод бар он аст, ки ки аввалин нишонаи ҷаҳонӣ шудан бар асоси тақсимнамоии байналмилалии меҳнат роҳандозӣ шудааст. Илова бар он, ба андешаи муаллиф ниҳодҳои бонкӣ нақши механизми фиристонандаи ангезаҳои мусбӣ ва манфиро дар ҳама бахшҳои иқтисодӣ иҷро менамоянд. Аз ин хотир, ба назари муаллиф, таҳдид ба устувории бонкҳо метавонад боиси паҳншавии эҳтимолии воҳима дар байни аҳолӣ гардад. Манъи фаъолият ва муфлисшави пайҳами бонкҳо метавонад сабаби шикасти фаъолияти хоҷагидорӣ ва соҳибкорӣ гардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4 (43)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет