Central AsianResearch Index

ТАЪСИРИ ОМИЛҲО БА РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ МИНТАҚА ДАР ШАРОИТИ ДИГАРГУНСОЗИИ ИҚТИСОДИЁТ

Дар мақолаи мазкур омилҳои рушди инноватсионии минтақа бо назардошти дигаргунсозии низоми иқтисодиёт мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Муаллифон қайд менамоянд, ки дараҷаи рушди равандҳои инноватсионӣ, самт ва суръати рушди минтақаро бо мақсади дигаргунсозии сифат ва баланд бардоштани сатҳи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши рушди инноватсионии минтақа муҳим ва актуалӣ арзёбӣ мегардад. Ба андешаи муаллифон, сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа яке аз омилҳои муҳимтарини рушди инноватсионии он мебошад. Аз ин рӯ, моҳияти инноватсия дар он асос меёбад, ки корхонаҳо рақобатпазирии худро тавассути истифодаи васеи технологияҳои нав ва истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот ба роҳ монанд. Ҳамзамон, қайд гардидааст, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки аксари корхонаҳо ва ташкилотҳо, субъектҳои хоҷагидории дигар минтақаҳо дар пешбурди фаъолияти худ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда истодаанд, роҳи ягонаи ҳалли масъала бо ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ ва гузаштан ба усулҳои самарабахши истеҳсоли маҳсулот имконпазир мегардад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.1 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет