ТАЪСИРИ МУТАҚОБИЛАИ НОМШИНОСӢ ВА ИСТИЛОҲШИНОСӢ
Истилоҳ ба номгузорӣ ва номшиносӣ робитаи ногустанӣ дорад, зеро пазириши истилоҳ барои номгузории ягон ашё ё ҳодиса ҳам барои истилоҳшиносӣ ва ҳам барои номшиносӣ хеле муҳим аст. Аз сабаби бисёр муҳим будани номгузорӣ ва махсусан номгузории миллӣ, яъне тоҷикӣ, ин масъала дар мулоқот бо зиёиёни кишвар аз тарафи Президенти кишвар хеле муфасал ва дақиқи баррасӣ гардид. Албатта, ин масъала солҳои пешин низ баррасӣ ва ба мақомоти дахлдор пешниҳоду тавсияҳои мушаххас шуда буд. Вале гузаштан ба номгузории миллӣ ба баъзе сабабҳо ва махсусан бештар ба иллати боқӣ мондани афкори муҳофизаткоронаи нигоҳ доштани анъанаҳои номгузории даврони шуравӣ ба таври зарурӣ сурат нагирифт ва ин масъалагузории Президенти кишвар, албатта, татбиқи номгузории миллиро метезонад. Дар номгузории тоҷикӣ имрӯз аз лиҳози сохторӣ ва сарчашмавӣ метавон се қабати бузургро ҷудо намуд, ки ҳар яки онҳо дорои хусусиятҳои хоси таърихиву анъанавӣ мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни