ТАЪСИРИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БЕРУНА БА ИЌТИСОДИЁТ ДАР ШАРОИТИ ЉАҲОНИШАВИИ МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВЇ
Дар мақолаи мазкур таъсири маблағгузории беруна ба иқтисодиѐти мамлакатҳои донор ва мамлакатҳои қабулкунанда дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд гардидааст, ки дар шароити ҷаҳонишавии иқтисод, воридшавии аз ҳад зиѐди фаъоли сармоягузории хориљї ба мамлакати ќабулкунанда метавонад ба оќибатҳои манфї оварда расонад алалхусус вобастагии зиѐди иқтисодӣ ва сиѐсӣ аз мамлакатҳои донор , афзоиши қарзи беруна вобастагӣ аз сарчашмаҳои берунаи сармоягузорӣ ва ғайра. Аз ин лиҳоз, ҳангоми таҳияи стратегияи љалби маблаѓгузории беруна ва сармоягузории хориљї ба Љумҳурии Тољикистон бояд манфиатҳои миллии кишвар ба инобат гирифта шаванд, то ин ки маблаѓгузории беруна ба рушди устувори иќтисодї ҳамчун шарти асосии таъмини амнияти иќтисодї мусоидат намояд. Муаллиф қайд менамояд, ки маблаѓгузории беруна метавонад ба рушди иқтисодиѐт мусоидат намояд, ба шарте, ки агар маблағҳои ҷудошуда ба ташкили инфрасохтори истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва назорати қатъии истифодаи онҳо равона гардад. Дар баробари ин, муҳим аст, ки мамлакати қабулкунандаи маблаѓгузории беруна мустақилияти сиѐсии худро нисбати мамлакатҳои донор ҳангоми пешбурди сиѐсати иқтисодӣ аз даст надиҳад.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 1 (30)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет