Central AsianResearch Index

ТАЪСИРИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ БА РУШДИ УСТУВОРИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

Дар мақолаи мазкур моҳияти иқтисоди рақамӣ кушода шуда, нақш ва аҳамияти он дар таъмини рушди устувори корхонаҳои саноатӣ баҳогузорӣ шудааст. Қайд шудааст, ки иқтисоди рақамӣ омили калидии баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои саноатӣ мебошад. Самтҳои асосии рақамикунонии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд. Таъкид шудааст, ки дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани лоиҳаҳои пилотӣ оид ба ташкили корхонаҳои рақамӣ дар саноати истихроҷи маъдан ва коркард ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин раванд технологияи Саноат 4.0 татбиқ карда мешавад. Аз ҷониби муаллиф таъсири технологияҳои рақамӣ ба ҷузъҳои рушди устувор муайян карда шудаанд. Қайд шудааст, ки дар соҳаи саноат имкониятҳои асосии табдили рақамӣ дар асоси технологияҳои рақамии зерин амалӣ мегардад: татбиқи системаҳои идоракунӣ барои ашёҳои Интернет, робототехника ва истеҳсолоти автоматикунонидашуда, маълумоти калон, технологияҳои биниши мошин ва ғайра. Муаллиф SWOT-таҳлили ҷиҳатҳои дохилӣ ва берунии рақамикунонии истеҳсолоти саноатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидааст. Вазифаҳои асосие, ки барои фароҳам овардани фазои мусоид дар ҷараёни рақамикунонии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур муайян карда шудаанд. Муаллиф самтҳои асосии рушд ва такмили рақамикунонии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4 (43)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет