Central AsianResearch Index

ТАШКИЛИ РОҲҲОИ САМАРАНОКИ ФОНДҲОИ АСОСИ ДАР КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ

Дар мақолаи мазкур, роҳҳои ташкили самараноки фондҳои асосии комплекси агросаноатӣ дар шароити имрузаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ҳамзамон барои такмили роҳу усули рушд ва иқтидори мавҷуда пешниҳодҳо гардидааст. Бояд қайд, ки Баланд бардоштани фондтаъминкунии истеҳсолоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини соҳа бо техникаю технология мувофиқи талаботҳои муосири агротехникӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, дар якҷоягӣ бо дигар чорабиниҳои ташкилию иқтисодӣ, истеҳсоли кафолатноки маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ , паст кардани арзиши аслии онҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаро таъмин менамояд. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки барқарорсозии заминаи моддию техникии бахши аграрӣ ва афзоиши минбаъда бояд дар сатҳи нави техникӣ ва технологӣ гузаронида шавад. Ин на танҳо афзоиши миқдории воситаҳои асосӣ, балки тағироти сифатии онҳоро бо дарназардошти истифодаи дастовардҳои пешрафти илмию техникӣ, азхудкунии технологияҳои сарфакунандаи захираҳо, модернизатсия (навсозӣ) ва таҷдиди истеҳсолотро талаб мекунад. Ёдовар мешавем, ки барои ноил шудан ба ин мақсад ҳар сол зиёд кардани маблағгузорӣ ба кишоварзӣ бо ҳисоби миёна 2 баробар зиёд карданро талаб мекунад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 3 (42)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет