Central AsianResearch Index

ТАШБЕҲОФАРИНӢ ВА АНВОЪИ ТАШБЕҲ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ НАЗИРИИ НИШОПУРӢ

Хусусиятҳои ташбеҳсозӣ ва анвоъи ташбеҳот дар девони ғазалиѐти Назирии Нишопурӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар асоси таҳлили назарии санъати ташбеҳ дар андешаҳои донишмандон ва муҳаққиқони илми балоғат моҳияти истилоҳии он муқаррар ва анвоъи он муайяну дар асоси ин таснифот шеваҳои ташбеҳсозии Назирии Нишопурӣ ва нақши ин санъати бадеӣ дар такмили ҷанбаҳои ҳунарии ғазалиѐти шоир муқарраршудааст. Таҳлилҳои анҷомдода муқарррар намудааст, ки аксар намудҳои ташбеҳ дар эҷодиѐти Назирии Нишопурӣ дида мешаванд. Ҳарчанд муҳаққиқон дар ашъори шоирони сабки ҳиндӣ нуфузи ташбеҳҳои пӯшида ва мураккабу дур аз зеҳнро нисбат додаанд, ки боиси печидагии маъно ва сабки шеърӣ гардидааст, аммо муаллиф бар асоси таҳлили намунаҳои шеърии Назирӣ ва ҳунари ташбеҳсозии ӯ муқаррар кардааст, ки каломи ин суханвар аз чунин намудҳои ташбеҳ орист. Ташбеҳоти ӯ дар заминаи риояти шарти муҳими ташбеҳсозӣ эҷод шуда, барои такмили ҷанбаҳои ҳунарии каломи шоир таъсири пурфайз гузоштаанд.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 91, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП