ТАШБЕҲ ДАР ШЕЪРИ РӮДАКӢ
Дар мақолаи мазкур муаллиф роҷеъ ба санъатҳои бадеӣ, махсусан, санъати ташбеҳ дар шеъри оламшумули Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ , маълумот додааст. Ба андешаи муаллиф, таҷрибаи шеърии Рӯдакӣ далели он аст, ки вай ба неруи табъ ва ҳунари тасвиргарии хеш тавонистааст ҳама душвориҳоро осон намояд ва дар шеъраш ташбеҳоти беҳтаринро ба кор барад. Илова ба ин, Рӯдакӣ дар офариниши тасвирҳо, хусусияти тарафайни ташбеҳро, ки аз ташбеҳи ҳиссӣ ва ақлӣ иборат мебошад, ба эътибор гирифтааст. Ин таҷрибаи ӯ, пеш аз ҳама, ҳадафи хусусияти сифатии ташбеҳро исбот кардан дошта, ҳунармандона анҷом гирифтааст. Рӯдакӣ ташбеҳро, қабл аз ҳама, чун абзоре барои ифода кардани ғаразе ба кор гирифтааст. Муаллиф ҳамчунин доир ба баъзе мушоҳидаҳои шахсӣ менависад, ки “Чунонки ба мушоҳида расид, ташбеҳ дар корбурди Рӯдакӣ аксаран густурда ва тафсилӣ буда, хусусияти хоси усули тасвиргарӣ ва зеҳнияти шоирро дар фарогирии маъниҳои гуногун нишон медиҳад. Дар аксар маврид зикр ва таъкид намудани аҷзои ташбеҳ низ аз паҳлуҳои дигари ҳунари тасвиргарии шоир буда, бо ҳадафи таъкиди андешаву оро сурат гирифта, яке аз хусусиятҳои корбурди ин санъати бадеӣ дар таҷрибаи шеърии ӯ мебошад”.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 3 (116)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни