Central AsianResearch Index

ТАШАККУЛИ ТАФАККУРИ СОЛИМИ СИЁСИЮ ҲУҚУҚӢ, МАЪРИФАТӢ ИҚТИСОДИЮ МОЛИЯВӢ ДАР ҶОМЕА

Дар мақола муаллифон масъалаи муҳими рўз ташаккули тафаккури солими сиёсию ҳуқуқӣ, маърифатӣ иқтисодию молиявӣ дар ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Онҳо таъкид намудаанд, ки истеҳсолкунандаи аз ҳама асосии маҳсулот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ инсони фаъол, созандаю таҷдиднамоянда ва навсозанда ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба низом даровардани муносибатҳои истеҳсолию иқтисодӣ ва сиёсӣ Конститутсия ва қонунҳои мухталиф қабул карда шуданд, ки дар заминаи онҳо ташаккули моликиятҳои гуногун ва иштироки онҳо дар рушду такомули муносибатҳои бозорӣ таъмин карда мешаванд. Бо муқоисаи нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ММД , буҷети мамлакат, даромади аҳолӣ ва афзоиши теъдоди муассисаҳои илмию фарҳангӣ дар замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ба сатҳи нисбатан нав баланд гардидани тафаккури солими сиёсию ҳуқуқӣ, маърифатӣ иқтисодию молиявии аҳли ҷомеа тасбит карда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 1 (40)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет