ТАШАККУЛИ СТРАТЕГИЯИ ИДОРАКУНИИ ЗИДДИБУҲРОНӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ
Дар паёмади буҳрони молиявии ҷаҳонӣ субъектҳои соҳибкории соҳаи сайёҳӣ ба вазъи молиявии ногувор дучор мешаванд. Роҳбарияти субъектҳои мазкур барои рафъи оқибатҳои буҳрон тадбирҳои заруриро дар доираи стратегияи идоракунии зиддибуҳронӣ амалӣ мекунанд. Дар мақола заминаҳои ташаккули стратегияи идоракунии зиддибуҳронӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ мешаванд. Тасдиқ карда мешавад, ки дар паёмади буҳрони ҷаҳонии молиявӣ таҳия ва роҳандозӣ намудани стратегияи муносиби рушди фаъолият шарти муҳимтарини амалкунии субъекти соҳибкории сайёҳӣ ва ба эътидол овардани вазъи молиявии он мебошад. Дар асоси таҳлил ва арзёбии омилҳои дохилӣ ва берунии ба ҳолати буҳронии ширкатҳои сайёҳӣ боисшаванда тадбирҳои зарурӣ дар доираи стратегияи идоракунии зиддибуҳронӣ таҳия ва пешниҳод карда шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4 (43)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет