Central AsianResearch Index

ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТҲОИ КАСБИИ МУАЛЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Мақола ба баррасии масъалаи шаклгирии салоҳиятҳои касбии муаллими фанни забони тоҷикӣ дар мактабҳои миёна бахшида шудааст. Тазаккур мешавад, ки дар низоми таълими салоҳиятнок муносибатҳо ва фароянди омӯзиш вижагиҳои хоси худро доранд. Ин вижагиҳо муносибати донишҷӯро ба таълим, нақши омўзгорро дар фароянди омӯзиш, робитаи байни омўзгору донишомӯз, донишомӯзону маводи омӯзишӣ ва муносибати байни ҳамдигарро таъин мекунанд. Донистан ва бакоргирии ин вижагиҳо ба омўзгор имкон медиҳад, ки сатҳи азхудкунии малака ва салоҳиятҳоро афзоиш диҳад, дар айни ҳол заминасози шаклгирии шахси масъулиятнок, ботарбия ва маърифатнок бошад. Натиҷагирӣ мешавад, ки салоҳияти касбии омӯзгор ин дониш, қобилият ва омодагии касбӣ барои ҳалли масъалаҳои амалии тарбия ва инкишофи шахсияти хонанда ва ташаккули малакаҳои амалии ӯ мебошад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (75)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова