ТАШАККУЛИ МЕХАНИЗМИ САМАРАНОКИ ИСТИФОДАИ КУМАКИ БЕРУНА
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ташаккули механизми самараноки истифодаи кумаки беруна мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қайд гардидааст, ки масъалаи кумак дар замони муосир зери таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ шадидан қарор дошта, кишварҳои пешрафта барои мубориза бо камбизоатии музмин дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ азми қавӣ нишон дода, афзоиши ҳаҷми кумак, паст намудани ҳаҷми қарзҳои кишварҳои камбизоат ва васеъ намудани имконияти дастрасӣ ба бозорҳои молҳои ин кишварҳоро ба нақша мегиранд. Муаллиф қайд менамояд, ки кумаки беруна метавонад ба рушди иқтисодиёт мусоидат намояд, ба шарте, ки агар маблағҳои ҷудошуда ба ташкили инфрасохтори истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва назорати қатъии истифодаи онҳо равона карда шавад. Дар баробари ин, муҳим аст, ки кишвари қабулкунандаи кумаки беруна мустақилияти сиёсии худро нисбати кишварҳои донор ҳангоми пешбурди сиёсати иқтисодӣ аз даст надиҳад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 2 (26)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет