Central AsianResearch Index

ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ПЕДАГОГИИ МУАЛЛИМИ ОЯНДАИ МАТЕМАТИКА

Мақола ба таҳлили назариявии масъалаи ташаккули фарҳанги педагогии омӯзгорони ояндаи математика бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки фарҳанги омӯзгорӣ ҳамчун категория дар шаклҳои гуногуни зуҳуроти худ нерӯи мустаҳками инкишофёбанда, эҷодӣ ва интегратсионӣ дорад. Илова бар ин, дар сохтори худ барои ташаккули малакаи ҳама гуна фаъолияти касбӣ заминаи умумӣ дорад, зеро он чандир ва инкишофёбанда буда, сифатҳои баланди мутобиқавиро дорост. Ин раванд ба ташаккули дониш , ҷузъҳои арзишӣ муносибатӣ, рафтории фарҳанги педагогӣ изоморфӣ дорад. Муаллими ояндаи математика бо ин ҷузъҳои фарҳанги педагогӣ мусаллаҳ буда, бояд ташаккули шахсияти эҷодкорро таъмин намояд. Зеро он қобилияти интиқол ва мутобиқ кардани усулҳои фаъолият ба шароит ва ҳолатҳои гуногун, қобилияти муайян кардан, таҳлил ва пешгӯӣ кардани падидаҳо ва ҳолатҳо, тавсиф ва шарҳи онҳо, инчунин қобилияти банақшагирӣ, мустақилона тарҳрезӣ кардан ва анҷом додани фаъолияти касбии худ мебошад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 3 (76)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова