ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Дар мақола муҳиммият, аҳамияти илмию назариявӣ ва таҷрибавӣ, дараҷаи омӯзиши он, инчунин мақсаду вазифаҳо, нишон дода шуда, хусусиятҳои ташаккул ва амалкарди соҳибкории хурду миёна дар хоҷагии қишлоқи ҶТ ва соҳаи истифодаи амалии натиҷаҳои бадастомада кушода дода шудаанд. Дар мақола муносибатҳои мухталифи назариявӣ ва методологиро ба таҳқиқи масъалаи баррасишаванда хулосабандӣ намуда, собит карда шудааст, ки соҳибкорӣ ва муносибатҳои соҳибкорӣ асоси ташаккул ва рушди муносибатҳои бозорӣ, аз он ҷумла, дар хоҷагии қишлоқ мебошанд. Хулосаҳои илмӣ ва тавсияҳо дар мақола оварда шудаанд, ки хулосааш чунин мебошад: соҳибкории хурду миёна шароитҳоеро фароҳам месозад, ки бидуни онҳо самаранокии баланди истеҳсолоти кишоварзӣ маъно надорад ва муҳити рақобатиро ба вуҷуд оварда, ба босуботии нархҳо, ва беҳтаршавии сифати молу хизматрасониҳо мусоидат намуда, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ нақши калидиро мебозад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет