Central AsianResearch Index

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ: ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВӢ

Дар мақолаи мазкур ҷанбаҳои назарияӣ-методологии ташаккул ва рушди ҳамгироии минтақавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, диққати махсус ба андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ роҷеъ ба мафҳум ва моҳияти ҳамгироии минтақавӣ ва имкониятҳои рушди он равона гардидааст. Муаллифон иброз медоранд, ки айни замон ҳамгироии минтақавӣ , дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ, самти тавҷеҳи рушди ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Ин тамоюл дар намуди ташаккулёбӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҳамгироии байниминтақавӣ, ки дар онҳо кишварҳо байни ҳамдигар бо манфиатҳои зичи иқтисодӣ алоқаманданд, зоҳир мегардад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (28)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет