ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШ ВА АУДИТ ДАР МУАССИСАҲОИ БУҶЕТӢ
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои тартибу усулҳои гузаронидани санҷиш ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ баррасӣ карда шудааст. Яке аз самтҳои калидии татбиқи вазифаи назоратӣ дар рафти идоракунии молияи давлатӣ ин баҷоории назорати молиявӣ мебошад. Аудит дар асоси принсипҳою қонуниятҳо, ҳаққоният, мустақилият ва ошкорбаёнӣ ба роҳ монда шуда, он ба тибқи стандартҳои корҳои назоратию тафтишотие, ки дар ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ истифода бурда мешаванд, ташкил ва гузаронда мешаванд. Усулҳои назорати молиявӣ дар қонунгузориҳои назорати молиявӣ муайян карда шудааст ва ин қонунҳо бояд аз ҷониби субъектҳои назоратӣ риоя карда шаванд. Тафтишҳои маҷмӯӣ ва санҷишҳои мавзӯӣ мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардида, дар мавқеи ҷойгиршавии объекти тафтишшаванда ташкил ва ба анҷом расонда мешаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (45)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет