ТАРКИБИ ДЕВОНИ ВОИЗИ ҚАЗВИНӢ ВА ҶОЙГОҲИ ҒАЗАЛ ДАР ОН
Дар ин мақола дар барои девони ашъори Воизи Қазвинӣ , таркиби жанрӣ ва ҷойгоҳи ғазал дар он баҳс шудааст. Натиҷа ин ки Воизи Қазвинӣ шоири соҳибдевон аст. Таркиби девони ашъори ӯро жанрҳои суннатии шеъри классикӣ, ба монанди фардбайт, рубоӣ, қитъа, ғазал , қасида, тарҷеъбанд, мусаммат, маснавӣ, достон ва монанди инҳо ташкил додааст. Ҷамъоварӣ ва ба шакли девон даровардани ашъори шоир аз замони зиндагияш оғоз ёфтааст. Нусхаҳои хаттӣ ва нашри сангию чопии девони ашъори Воизи Қазвинӣ дар китобхонаҳои маъруфи дунё, аз ҷумла китобхонаҳои Ҳиндустон, Эрон, Туркия нигаҳдорӣ мешаванд. Собит гардид, ки қисми зиёди девони ашъори шоир аз жанри ғазал таркиб ёфтааст. Дар ғазалҳои шоир сохтори анъанавии ғазал ҳунармандона нигоҳ дошта шудааст. Ғазалиёти Воизи Қазвинӣ аз нигоҳи муҳтаво бою серпаҳлу аст. Истиқлоти мисраъ ва байт , кашфи маонии бикр, ирсоли масал, корбурди парадокс, истифодаи қофияи бадеӣ, ҳисомезӣ аз вижагиҳои ғазалиёти шоир мебошанд. Воизи Қазвинӣ дар ғазалиёти худ муҳимтарин мавзуъҳои ҳаёти инсониро мисли ишқ, муҳаббат, ахлоқ, тарбият, ирфон, омӯзишу парвариш, танқиди замон, инсондӯстиро тарғибу ташвиқ кардааст. Шоир ба ҳамаи мавзуъҳои ашъори хеш нигоҳи ахлоқӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки вай ба масоили ахлоқӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардааст. Мавзуъҳои мавриди тасвири шоир бо ғояҳои олии худ имрӯз низ аҳаммияти худро аз даст надодаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (114)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни