Central AsianResearch Index

ТАЪРИХНИГОРОНИ САДАҲОИ X-XIII ДАР БОРАИ СУХАН ВА СУХАНВАР

Қайду ишораҳои таърихнигорони асрҳои Х-ХIII Абуалии Балъамӣ , Абулфазли Байҳақӣ ва Абушшарафи Ҷурфодиқонӣ дар бораи мақоми сухан ва суханвар ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Муаллифони таърихномаҳои маъруф таъкид кардаанд, ки суханвар бояд суханашро бо каломи кӯтоҳу пурмаъно баён кунад, аз пургӯию такрор канораҷӯӣ намояд. Бино ба гуфтаи муаллифи “Таърихи Яминӣ” инсон ба туфайли пошандаи тухми сухан буданаш абадзинда аст. Ба ақидаи таърихнигорон забони таърихнома набояд хушку холӣ ва обшуста бошад, беҳтар аст таърихнома бо ҳикоёти латиф оро дода шавад. Ҳамчунин дар таърихномаҳо ҷо-ҷо истифода намудани порчаҳои манзум ба онҳо ҳусни иловагӣ мебахшад. Хулоса шудааст, ки қайду ишораҳои муаллифони таърихномаҳои садаҳои Х-ХIII аз як тараф бо зебоию равонӣ ва тавоноиву матонат касб кардани забони тоҷикӣ мусоидат карда бошанд, аз ҷониби дигар, ба ташаккули сабки иншои таърихномаҳои ҳам замони худ ва ҳам қуруни минбаъда таъсири назаррас расонидаанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 106, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП