Central AsianResearch Index

ТАЪРИХНИГОРИИ ТАЪРИХИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Дар мақолаи мазкур муаллиф масъалаи инкишофи илми таърихро дар даврони истиқлолият вобаста ба омӯзиш ва таҳлили илмии таърихнигории таърихи ноҳияи Дарвоз ба муҳокима мегузорад. Муаллиф дар мақола қайд мекунад, ки дар дар таърихи Тоҷикистон китобҳои зиёди таърихнигорон нашр гардиданд, ки саҳифаҳои нави таърихро муайян намуданд. Муаллиф нақши таърихнигоронро дар пешрафти илми таърих нишон дода бахусус хизматҳои олимонро дар таҳлили илмии таърихнигории таърихи ноҳияи Дарвоз ёдрас мешавад. Муаллиф ба хулоса меояд, ки рушди минтақаи ҳозираи Дарвоз дар давраҳои мухталиф ва бо тағйироти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки манбаи асосии ҳувияти худшиносии миллиро ташкил медиҳад, ҳамчун мавзуи амиқ ва ҷолиб барои таҳқиқоти тарихшиносӣ ба ҳисоб меравад. Таърихи ноҳияи Дарвоз , ба як марҳалаи муҳим дар ташаккул ва рушдёбии фарҳанги мардуми ин минтақа дар давраҳои гуногун ишора мекунад ва дар омӯзиши ин минтақа муҳаққиқон, адибон ва таърихнигорон аз ҷумлаи зодагони он саҳми босазо гузоштанд. Дар умум мақолаи мазкур масъалаи инкишофи илми таърих, таърихнигории таърихи ноҳияи Дарвоз , хизматҳои олимонро дар таҳлили илмии таърихнигории таърихи ноҳияи Дарвоз баррасӣ мекунад. Муаллиф рушди минтақаи ҳозираи Дарвозро дар асоси таҳқиқоти тарихшиносӣ аз нигоҳи таърихнигорӣ ва библиографӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор медиҳад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни