ТАЪРИХИ ЯК ВОЖА ВА Ё «ЯҒНОБ» ЧӢ МАЪНО ДОРАД (ТАҲЛИЛИ РЕШАШИНОСӢ)
Дар мақола сухан дар бораи этимологияи (маънидоди решашиносӣ) дақиқи номвожаи ҷуғрофии «Яғноб» меравад. Таҳлили этимологии (решашиносӣ) вожаҳо ва минҷумла номвожаҳои ҷуғрофӣ, яке аз босамартарин ва боэътимодтарин усул ва ё методи таҳлили лингвистии воҳидҳои луғавии забон маҳсуб мешавад. Оид ба маънои дақиқи номвожаи ҷуғрофии «Яғноб» муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ андешаҳои мухталифе баён намудаанд, ки аз ҳақиқати воқеии ҳол хеле дуранд. Бинобар ҳамин муаллифи мақолаи мазкур, барои бартараф намудани ғалатфаҳмиҳо ва маънидоди нодурусти аз ҳақиқати илмӣ хеле дури муҳаққиқони пешин, оид ба маънидоди нодурусти ҷойноми «Яғноб» зарур дониста, ки дар такя бо далелҳои нави раднопазир, оид ба этимологияи маънидоди дақиқи ба ҳақиқати илми наздики номвожаи ҷуғрофии «Яғноб» чанд ҳарфи илмии хешро дарҷ намояд. Муаллифи мақола бо далелҳои илмии методи таҳлили диахронию синхронии (дерзамонӣ ва ҳамзамонӣ) ва муқосавӣ таърихӣ, бо овардани мисолҳо ва муродифҳои вожаи суғдӣ яғнобии « nόu // nόw» (масалан вожаи «rόun // rόwut») ба исбот расонидааст, ки маънои номвожаи суғдӣ яғнобии « Яғноб» « дараи яхин » набуда, балки маънои дурусти ин ҷойном «водии васеъ, водии паҳну густурда, водии доманфарох» мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни