ТАЪРИХИ ТАҲҚИҚИ КАТИБАҲОИ МАҚБАРАИ МУҲАММАД БАШОРО
Дар ин мақола таърихи таҳқиқи катибаҳои мақбараи Муҳаммад Башоро баррасӣ шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки дар ин ёдгорӣ навъҳои гуногуни катибаҳои куфӣ , насх , сулс ва настаълиқ мавҷуд аст ва онҳо аҳаммияти калони илмӣ доранд. Катибаҳои ин мақбара ва мазор ҳанўз дар асри XIX диққати олимонро ба худ ҷалб намуда буданд. Дар замони шуравӣ А. Крачковская ва А. Мухторов ба катибаҳои мақбараи Муҳаммад Башоро таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Аммо таҳқиқи комили катибаҳои ин мақбара ба аввали соли 2000 рост меояд. Дар ин давра дар доираи экспедитсияҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин корро А. Шарифзода анҷом медиҳад. Дар натиҷа қисми зиёди катибаҳо хонда ва нусхабардорӣ мешаванд. Аз ҷумла катибаи насхи пештоқи мақбара бори нахуст пурра хонда ва тарҷума мешавад. Ин ба равшан шудан моҳияти асосии катибаи насх мусоидат менамояд. Аз ҷумла ошкор карда шуд, ки ин биноро яке аз мавлоноҳои машҳури асри XIV ба хотири писараш – Қавомуддин бунёд намудааст. То ин вақт Қавомуддинро меъмори бино медонистанд. Аммо ин иштибоҳ баъди таҳқиқи пурраи катиба ислоҳ шуд. Нашри минбаъдаи натиҷаи таҳқиқи катибаҳои боқимонда барои ҳалли дигар масъалаҳои илмии марбути ин ёдгории машҳур мусоидат хоҳад намуд.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2023 · № 4 (36)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА