"ТАЪРИХИ АМИРОНИ МАНҒИТИ БУХОРО" -И МУШРИФИ БУХОРОӢ ҲАМЧУН САРЧАШМАИ ТАЪРИХӢ
Дар маќола рисолаи «Таърихи амирони манѓитї»-и Мушрифи Бухорої ҳамҷун сарчашмаи муътамади таърихӣ доир ба омӯзиши таърихи ҳукуматронии амирони манғит дар Бухоро инъикос ѐфтааст. Муаллифонии маќола рисолаи «Таърихи амирони манѓитї»-и Мушрифи Бухороиро сарчашмаи муњимми таърихї арзѐбї кардаанд, аммо бештари ахбори онро дар хусуси ба сари њокимият омадани амирони манғит ва лашкаркашињои онҳо, инчунин муносибати амирон ба мардум комилан ноодилона дониста, сабабашро дар бехабар мондани муаллиф аз воќеияти таърихї ва аз мавќеи хидматгузори дарбор будани ў муайян намудаанд. Дар маќола муаллифон бо такя ба дигар манобеи таърихї ќайд менамоянд, ки асари «Таърихи амирони манѓитї»-и Мушрифи Бухороӣ гарчанде баъзан ҷиҳатҳои манфии амирони манғитро нодида гирифтааст, қиммати илмиро доро буда, барои омӯзиши паҳлуҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик нақши созгор дорад.
Сведения
- Журнал
- Bulletin of the Tajik Pedagogical Institute in Rasht District. Law, History and Economics Series
- Опубликовано
- 2024 · Т. 2, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3079-1758
- Издатель
- Таджикский педагогический институт в Раштском районе