ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ-АХЛОҚИИ ХОНАНДАГОН ТАВАССУТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Дар мақола сухан дар бораи истифодаи самараноки воситаҳои муосири технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ меравад, ки дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас саҳмгузор буда метавонад. Бо сабаби таъсири зиёд доштани воситаҳои электронӣ ба зеҳн ва тафаккури хонанда баргузор намудани таълим ва тарбия дар асоси корбурди фаровони воситаҳои рақамӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Оид ба натиҷаи пурсишнома ва тадқиқоти педагогӣ-озмоишӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавод пешниҳод гардида, таҳлил ва хулосабарорӣ гардидааст. Инчунин, муаллиф қайд намудааст, ки зеҳни сунъӣ афзалиятҳои зиёде дар муқоиса бо таълиму тарбияи анъанавиро доро аст, ки метавонад далели истифодаи фаррохи он дар раванди таълим гардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан