Central AsianResearch Index

ТАРҶУМАҲОИ ӮЗБЕКИИ «ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

«Шоҳнома» -и Фирдавсӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ ба мисли асарҳои мондагори Арастуву Афлотун, Гомеру Шекспир, Гётеву Балзак ва дигарон нақши муассиру мондагор гузоштааст . «Шоҳнома» аз замони эҷод шуданаш то ба имрӯз мавриди пайравии на танҳо шоирони тоҷику форс, балки даҳҳо адибони бурунмарзӣ қарор гирифтааст. Дар баробари пайравӣ ба «Шоҳнома» достонҳову порчаҳои ҷудогонаи он ба забонҳои гурҷӣ, арманӣ, ӯзбекӣ , русиву олмонӣ, англисиву фаронсавӣ ва ғайра тарҷума ва шарҳу тафсир ёфтааст. Дар мақолаи мазкур андешаҳо оид ба тарҷумаҳои туркии «Шоҳнома» дар адабиёти классикӣ (то асри ХХ), ки аз тарафи адабиёшиноси тоҷики ӯзбекистонӣ Ҳамидҷон Ҳомидӣ пажӯҳиши ҳамаҷониба ёфтааст, сухан меравад.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни