Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН ДАР ДАВЛАТҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Мақола ба таҳлили муқоисавии танзими ҳуқуқии соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудааст. Муаллиф низомҳои асосии ҳуқуқии Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Молдова, ислоҳотҳои охир, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва кормандон, масъулияти касбӣ, шаффофият ва ҳамоҳангсозии байнидавлатиро баррасӣ менамояд. Натиҷаҳои таҳқиқот имкон доданд, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас таҳия гардад: қабули қонуни махсус оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои харидорони манзил, ҷорӣ кардани ҳисоби эскроу, системаи сатҳбандии иҷозатномаҳо, назорати марҳила ба марҳила, масъулияти якумраи касбӣ ва марҳилавии гузариш ба моделсозии иттилоотии бино ( BIM ). Мақола барои таҳқиқотчиён, ҳуқуқшиносон ва мақомоти қонунгузор манфиатбахш аст.

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан