Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ СИСТЕМАИ ПАРДОХТҲОИ РАҚАМӢ ВА ИСТИФОДАИ АСЪОРИ МИЛЛӢ ДАР ҲИСОБҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

Мақола ба таҳлили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти низоми пардохтҳои рақамӣ ва истифодаи асъори миллӣ сомонӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар шарои ҷаҳонишавӣ ва дигаргуниҳои технологӣ, рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиёт, инноватсия, пардохти рақамӣ ва масъалаҳои танзими ҳуқуқии онҳо дар асоси сиёсати молиявии давлатҳо яке мавзуҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Дар таҳқиқот нақши санадҳои меъёри ҳуқуқи соҳа ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз 24.02.2017 № 1397, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз 19.05.2009, № 524, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз 28.06.2011, № 722, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» аз 26.10.2021 №460, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» аз 16 майи соли 2024, № 295, Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Дастурамали № 193 «Дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25.04.2012 № 76, Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи «Талаботи ҳадди ақал ба таъминоти барномавию техникии ташкилотҳои қарзии молиявӣ» аз 18.10.2022 № 121, Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи «Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 августи соли 2023, № 86 ва инчунин Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун танзимгар ва оператори инфрасохтори калидӣ, аз ҷумла Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо баррасӣ мешавад. Таваҷҷуҳи махсус ба талаботи амнияти иттилоотӣ, истифодаи алгоритмҳои рамзгузории AES ва имзои электронии рақамӣ дар хизматрасониҳои бонкии фосилавӣ зоҳир шудааст. Муаллиф раванди рақамикунонии иқтисодиётро дар доираи «Барномаи савдои электронӣ барои солҳои 2025–2029» ва таъсири онро ба рушди соҳибкории минтақавӣ таҳлил намуда, роҳҳои такмили қонунгузориро дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пешниҳод менамояд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан