Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МАСЪАЛАҲОИ ПСИХОЛОГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Масъалаи танзими ҳуқуқии масъалаҳои психологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст. Як қатор проблемаҳои соҳаи психология, ки ба ҳуқуқ робитаи зич доранд, муайян ва зарурати танзими ҳуқуқии онҳо таъкид шудааст. Хулоса шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи ташаккули психология дастовардҳо зиёданд, аммо дар самти танзими ҳуқуқии соҳаи мазкур ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ ба назар намерасад. Қабули қонуни алоҳида дар ин самт, таҳия ва тасдиқи консепсия ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаи психология дар кишвар амри зарурӣ маҳсуб меёбад. Таъкид гардидааст, ки саломатии равонӣ аз саломатии ҷисмонии инсон фарқи калон дорад. Бинобар ин, беҳтар аст, ки дар баробари саломатии ҷисмонӣ дар қонунгузории кишвар чун санадҳои байналмилалӣ саломатии равонӣ низ муқаррар карда шавад.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 99, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП