Central AsianResearch Index

ТАНЗИМИ МОЛИЯВИИ ТАРАЌЌИЁТИ ИЉТИМОИЮ ИЌТИСОДИИ МИНТАЌАЊО

Дар мақола мафҳумҳое, ки раванди дарки нақшу мақоми танзими молиявиро дар тараққиёти минтақавї таъмин мекунанд, баррасї шудаанд. Таваљљуњи хосса ба тавсифи аҳаммияти танзими молиявию фискалии муосир дар амалигардонии неруи тараққиёти иљтимоию иқтисодии минтақа равона гардидааст. Шарҳи мафҳумҳои танзими молиявї дар таҳкиму тараққиёти неруи инвеститсионии мамлакат ва минтақа ба тариқи баёни илмї оварда шудааст. Услубҳои маъмули дарки илмии мафҳумҳои бонизоми хусусияту вижагиҳои танзими молиявї баррасї гаштаанд. Дар ин замина, тасаввури схемавии гурўњбандии унсурҳои танзими молиявии муосири тараққиёти иљтимоию иқтисодии минтақа кор карда баромада шудааст, ки тавассути он робитаи мутақобилаи байни объектҳо ва субъектҳои танзими молиявї аз назари таъмини мутавозинии макроиқтисодии маљмуавї муайян карда шудааст. Гурўњи омилҳое, ки ба таъмини устувории танзими молиявии тараққиёти иљтимоию иқтисодии минтақаҳои Тољикистон мусоидат мекунанд, муайян карда шудааст. Њамзамон, проблемаҳои асосии танзими молиявии тараққиёти иљтимоию иқтисодии минтақаҳо муайян карда шудааст. Дар ин замина, амалигардонии як қатор тадбирҳо барои тараққиёти минбаъдаи танзими молиявии тараққиёти иљтимоию иқтисодии минтақаҳо пешниҳод карда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4.1 (33)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет