ТАНЗИМИ АНДОЗИИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА
Дар шароити такмили муносибатҳои бозорӣ, тақвияти механизми танзими давлатии андози субъектҳои соҳибкории бахшҳои воқеӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, барои беҳтар гардонидани ҳолати ҷории низоми андозбандии кишвар мусоидат менамояд. Вобаста ба ин, дар мақолаи мазкур бо мақсади дар оянда васеъ гардидани 194 имкониятҳои соҳибкории хурду миёна , масъалаҳои ривоҷ додани механизми танзими давлатии андоз аз таъсири маъмурикунонии он, таҷдиди сандаҳои ташкилию ҳуқуқӣ , тақвияти муносибатҳои андозбандӣ бо дарназардошти рақамикунонии тарафҳои андозӣ, низомҳои андозбандӣ ва имтиёзу сабукиҳо баррасӣ гардидаанд. Инчунин, дар мақола механизми такмили ояндавии танзими андозии субъектҳои хоҷагидор коркард карда шуда, дар заминаи он тадбирҳои мушаххас оид ба танзими давлатии андоз барои ва вусъатёбии соҳибкории хурду миёна пешниҳод карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 2.1 (31)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет