ТАНЗИМ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ФУРӮШИ МОЛҲОИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ (дар мисоли МОИ “Суғд”)
Мақола нақши дастгирии давлатиро дар рушди МОИ "Суғд" дар Тоҷикистон бо таҳлили заминаи қонунгузорӣ, механизмҳои ҳавасмандгардонии содирот ва ҷалби сармоягузорӣ, инчунин омилҳое, ки ба рақобатпазирии молҳои дар МОИ истеҳсолшуда таъсир мерасонанд, таҳқиқ менамояд. Тадқиқот ҳам манфиатҳо ва ҳам монеаҳоро барои фаъолияти бомуваффақияти МОИ ошкор намуда, тавсияҳоро оид ба оптимизатсияи танзими давлатӣ ва тақвияти дастгирии истеҳсолоти ватанӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди ивазкунии воридот пешниҳод менамояд. Мақолаи мазкур ба мутахассисони соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, мақомоти давлатии масъули рушди МОИ, инчунин сармоягузороне, ки ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон манфиатдоранд, равона карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2.1 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет