ТАМОЮЛИ МАХСУСГАРДОНИИ КОРХОНАЊОИ АГРОСАНОАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН (ДАР МИСОЛИ МИНТАЌАИ РАШТ)
Дар маќолаи мазкур муаллифон самтњои махсусгардонии корхонањои аграрии њудуди минтаќаи Рашт амалкунандаро баррасї намудаанд. Минтаќаи Рашт ноњияи аграрї ба њисоб рафта, наќши соњаи кишоварзї дар рушди иќтисоди ноњия, хусусан дар таъмини амнияти озуќаворї , баланд арзёбї карда мешавад. Ќисми асосии даромади худро ањолии минтаќаи Рашт аз њисоби фурўши мањсулоти кишоварзї ба даст меоранд. Истењсолкунандаи асосии мањсулоти кишоварзї дар дењот хољагињои хонагї ва фермерї мебошанд. Дењќонони ноњия асосан ба истењсоли картошка, сабзавот, ѓалла, лўбиёињо ва боѓдорї машѓуланд. Бо маќсади афзудани самаранокии истењсолот Барномаи ислоњоти соњаи кишоварзии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2012 – 2020 ќабул карда шудааст. Ин барнома барои муайян намудани самтњои стратегї ва роњњои таъмини соњаи кишоварзии пурдаромад ва содиротї, бар асоси вазифањои баландбардории сатњи зиндагии ањолии дењоти љумњурї, ба даст овардани амнияти озуќавории давлат, инчунин, тањкими мавќеи он дар таќсимоти минтаќавии мењнат пешбинї шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4.1 (33)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет