Central AsianResearch Index

ТАМОЮЛИ ИНКИШОФИ МАРКЕТИНГИ БОНКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола масъалаҳои фаъолияти маркетинги бонкӣ ҳамчун унсури менеҷмент муайян карда, ҳадафҳои бонк, самтҳо ва роҳҳои ноил шудан ба онҳо та, инчунин таҳияи тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи нақшаҳо таҳлил шудаанд. Бинобар он мақола ба масъалаҳои фаъолияти маркетингии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон, муаммоҳо ва тамоюли рушди минбаъдаи он башида шудааст. Дар мақолаи сатҳи истифодабарии консепсияҳои маркетингӣ аз тарафи ширкатҳо ва бонкҳои тиҷоратӣ гуруҳбандӣ карда шуда, хусусияти маркетинг дар фаъолияти бонкӣ муайян гардидааст. Тамоюли инкишофи маркетинги бонкӣ, нишондиҳандаҳои баҳодиҳии фаъолияти маркетингии бонкҳои тиҷоратӣ оид ба дастрас будани маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ ба мизоҷон арзёбӣ шудааст. Дар ҷамъбаст хулоса шудааст, ки бонки тиҷоратӣ ҳамчун як ҷузъи низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии муштариёнро пайваста такмил дода, хизматҳо ва маҳсулоти нави бонкиро бояд эҷод кунад, то эҳтиёҷот ва манфиатҳои иштирокчиёни тамоми муносибатҳоро қонеъ гардонад ҳамчун асоси таъмини минбаъдаи рақобатпазирӣ ва фаъолияти устувори онҳо бошад.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.2 (39)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет