Central AsianResearch Index

ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚА

Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариши иқтисодиёт ба марҳилаи рушди устувор як қатор масъалаҳое ба миён омадаанд, ки таваҷҷӯҳ ба таҳқиқоти назариявӣ ва консептуалии проблемаҳои таъминоти молиявии рушди иқтисодии минтақа ва ба масъалаҳои такмили усулҳои идоракунии молиявӣ зиёд гардонид. Ба ин муносибат ба ҷиҳатҳои молиявии рушди минтақа ҳамчун омили асосии солимгардонии молиявии кулли иқтисодиёти миллӣ диққати калон дода мешавад. Вобаста ба ин, масъалаи такмил додани методологияи таҳлил, арзёбӣ ва пешгӯии вазъи молиявии минтақа аҳамияти хосса пайдо кардааст. Дар раванди коркарди низоми самараноки идоракунии фаъолияти молиявӣ дар минтақа муаммои асосӣ, мувофиқкунии манфиатҳои тараққиёти минтақа , мавҷудияти воситаҳои пулии зарурӣ барои ин тараққиёт ва дар сатҳи баланд нигоҳдории вазъи мутавозини молиявии бахшҳои ниҳодии иктисодиёти минтақа мебошад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4.1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Казахский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет