Central AsianResearch Index

ТАЪМИНИ ЗАХИРАВИИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ ВА ДУРНАМОИ ОН

Масъалаҳои марбут ба таъминоти соҳаи саноат аз лиҳози ашёи хом, захираҳои кадрӣ, пояи моддию техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Марҳилаҳои таърихии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ тавсиф гардида, дар заминаи он шароити имрӯза баҳри расидан ба ҳадафҳои миллӣ нишон дода шудааст. Муаммоҳое, ки дар роҳи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар саноатикунонии босуръати кишвар маҷуданд, баррасӣ гардидаанд. Омилҳое, ки ба рушди устувори иқтисодӣ таъсир мерасонанд, ба монанди сиёсӣ, захиравӣ, иқтисодӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва демографӣ шарҳ дода шудаанд. Баъзе масъалаҳои татбиқи ҳадафу вазифаҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва зарурати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ таъкид шудааст. Инчунин муаммоҳои нокифоягии захираҳои меҳнатӣ, алалхусус, мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ дар соҳаи саноат мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 100, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП