Central AsianResearch Index

ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИННОВАТСИОНИИ САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Соҳаи саноати хӯрокворӣ солҳои охир бо вазъи номуносиби амнияти озуқаворӣ дучор омдааст: нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғизо боло рафта, номукаммалии идоракунии онҳо эҳсос мегардад. Аз ин рӯ, ин соҳаи бениҳоят муҳим, ҳамчун таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ва рушди босуботи иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус мехоҳад. Бояд гуфт, ки вазъи соҳа айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳои оморӣ ба таври кофӣ рушд накарда, натиҷаи самаранок он дар сатҳи зарурӣ нарасидааст. Аз ин лиҳоз, омӯзиши рушди устувори инноватсионӣ ва татбиқи он дар раванди фаъолияти инноватсионии корхонаҳои саноати хӯрокворӣ яке аз масъалаҳои муҳимми таҳқиқоти илмӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Зимни омӯзиши масъалаи мазкур масъалаҳои асосии саноатӣ дар асоси Стратегияи инноватсионӣ, воридоти техника ва технологияҳои муосир, маблағгузорӣ ба ин соҳа ва омодакунии кадрҳои баландихтисосу дастгирии давлатӣ мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифта шудааст. Таъмини рушди устувори инноватсионии саноати хӯрокворӣ дар асоси татбидқи стратегияи милли рушд, стратегияи инноватсионӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ, ташкили фондҳои венчурӣ, маблағгузории молиявӣ ба самти илм ва инноватсия ва дастгирии бевоситаи давлат амалӣ мегардад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 1 (40)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет