ТАЪЛИМОТИ ИЛМӢ ОИД БА ХАВФҲОИ ҚАРЗӢ
Муаллиф дар мақолаи худ ба масъалаҳои асосии ҷараёни фаъолияти бонкҳо, ки онҳо намудҳои гуногуни амалиётро иҷро карда , ба хавфҳои мухталиф дучор меоянд, таҳқиқоти назариявӣ анҷом дода, назарияҳои гуногуни олимони соҳаи иқтисодиро мавриди омӯзиш ва баррасии ҳаматарафа қарор додааст. Ғайр аз ин, дар мақолаи мазкур оид ба амалиётҳои бонкӣ, махсусан хавфи амалиёти қарзӣ аз тарафи муаллиф диққати махсус дода шудааст. Аз рӯи мазмун ва раванди мантиқӣ мақола аҳамияти назариявиро доро буда, дар он фаҳмишҳои гуногун оид ба хавфи қарзӣ коркард карда шудааст. Ҳамчунин, қарздиҳӣ яке аз амалиётҳои фаъоли бонкҳо ба ҳисоб рафта, он дар шароити имрӯзаи иқтисоди миллӣ ва рушди самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон аҳамияти иҷтимоиву иқтисодиро дорост. Қайд гардидаст, ки дар бештари ҳолатҳо талафоте, ки маҳз бонкҳо аз рӯи амалиёти қарздиҳӣ мебинанд, ин аз таъсири хавфи қарзӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити муосир таҳлилу баррасии мавзӯи хавфи қарзӣ ҳамчун мавзўи актуалӣ ва мубрам буда, он аз қарздиҳанда тақозо менамояд, то фишангҳои лозимаи муносибро барои идоранамоии он истифода намояд. Дар мақола муаллиф таҳқиқи хавфҳои қарзиро гузаронида, онҳоро аз рӯи аломат ва омилҳои таъсиррасон гуруҳбандӣ намудааст. Таълимоти илмии онро аз нигоҳи олимони ватанию хориҷӣ ва санадҳои меъёрии байналмилалию ватанӣ баҳо дода, ақидаи худро вобаста ба он пешниҳод намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (27)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет