Central AsianResearch Index

ТАЪЛИМОТ ОИД БА ТАБИАТИ ҲУҚУҚИИ НИКОҲ

Дар мақола масъалаи таълимот од ба табиати ҳуқуқии никоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор грифтааст. Муаллиф, андешҳаои олимонро баррасӣ намуда, муайян кардааст, ки оид ба табиати ҳуқуқии никоҳ назарияҳо мухталиф ҷой дорад. Дар натиҷаи таҳқиқот муаллиф хулосабарорӣ намудааст, ки кунун масъалаи мафҳум, моҳият ва табиати ҳуқуқии никоҳ баҳсбарангез боқӣ мондааст. Дар ин хусус назарияҳои мухталиф ҷой дорад, ки тарафдоронашон бо факту далелҳо назарияи худро ҷонибдорӣ мекунанд. Назарияи шартномавии никоҳ то ҳол мавзуи баҳс буда, муҳаққиқони замони муосир онро инкор менамоянд. Муаллиф назарияи шартномавии никоҳро инкор намуда, никоҳро ҳамчун институти ҳуқуқи оилавӣ ҳисобидааст, ки дар заминаи меҳру муҳаббат ва иттифоқи ихтиёронаю баробарҳуқуқӣ бунёд карда мешавад. Муаллиф асоснок намудааст, ки дар шартномаи маданӣ тарафҳо, баъзе шарту шароитҳоро худашон созиш менамоянд, аз ҷумла муҳлати амали шартномаро, вале дар ақди никоҳ тарафҳо наметавонанд муҳлатро худашон созиш намуда, шартҳои бастани никоҳро низ ихтиёрона интихоб намоянд. Ба тарафҳо танҳо ризоият хос буда, дигар шароитҳо ва тартиботро қонунгузорӣ муқаррар менамояд. Қатъи шартномаи никоҳ аксарияти муносибатҳои тарафҳоро аз байн мебарад, вале қатъи никоҳ ҳануз қатъи муносибатҳои ҳуқуқии зану шавҳар буда наметавонад. Бинобар ин, никоҳ созиш ва иттифоқи ҳуқуқӣ буда, ҳамчун шартнома баррасӣ кардани он нодуруст мебошад.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3079-1758
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе