ТАЪЛИМИ ЭЛЕКТРОНИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақола мафҳум, хусусиятҳо, тарзҳои ташкили таълими электронии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти сиёсати стратегии давлат оид ба рақамикунонии таҳсилот таҳлил мешаванд. Сабабҳо ва омилҳои рақамикунонии таҳсилот дар доираи таҳлили ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва таҷрибаи ташаккулёфтаи модернизатсияи низоми таҳсилот бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва технологияҳои таҳсилотии инноватсионӣ кушода мешаванд. Таваҷҷҷуҳи асосӣ ба рақамикунонии таҳсилоти ҳуқуқӣ бо дарназардошти таҷрибаи таҳсилотии хориҷии татбиқи технологияҳо, лоиҳа, ҳуҷҷатҳо, барномаҳои рақамӣ дода мешавад. Гуногунии нуқтаҳои назар оид ба мафҳуми « таълими электронӣ » дар доираи гуногунии истилоҳоте, ки бо ҷанбаҳои гуногуни рақамикунонии таҳсилот алоқаманданд, инчунин, гуногунии асосҳои назариявӣ ва амалии таълими электронӣ дар мамлакатҳои ғарбӣ таҳлил мешавад. Хусусиятҳои таълими электронии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои омодагии касбии онҳо дар муассисаҳои таҳсилотии Вазорати корҳои дохилӣ таҳлил мешаванд. Хулосаҳо оид ба сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалии фазои таҳсилотии рақамӣ, таносуби фазои таҳсилотии рақамии миллӣ (дохилидавлатӣ) ва байналмилалӣ, ҷудонашаванда будани фазои таҳсилоти рақамӣ ва манфиатҳои миллӣ , аҳаммияти аксиологӣ, онтологии арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ дар соҳаи таҳсилот дар марҳилаи рақамикунонии он, нигоҳ доштани таҷрибаи дар соҳаи таҳсилоти анъанавӣ ташаккулёфта, мутобиқати ҳамдигарии анъанаҳо ва инноватсияҳо дар раванди рақамикунонии таҳсилот асоснок карда мешаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 3 (71)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2412-141X
- Издатель
- Академия Министерства внутренних дел Республики Таджикистан