Central AsianResearch Index

ТАЛАФФУЗ ВА ИМЛОИ ИҚТИБОСОТИ ФАРОНСАВӢ ДАР ЗАБОНИ ФОРСӢ

Мақолаи мазкур доир ба тарзи навишт ва талаффузи калимоти фаронсавӣ дар забони форсӣ бахшида шуда, масоили навишти калимоти фаронсавӣ ва таҳлилу баррасии онҳоро дар забони форсӣ мавриди пажуҳиш қарор додааст. Воридшавии ин гуна калимаҳои иқтибосӣ дар забони форсӣ мушкилотро пеш аз ҳама дар нишонаҳои савтии забони фаронсавӣ ва набудани баъзе овозҳои забони фаронсавӣ дар забони форсӣ баррасӣ менамояд. Дар мақолаи мазкур, аз асарҳои олимони варзида ба монанди Ганшина, Муҳаммад Ризо Порсоёр, Деруа ва ҳамзамон аз луғатҳои калонҳаҷми решашиносии олимони фаронсавӣ ба мисли Робер, Ларус истифода намуда, аз онҳо вобаста ба мавзуъ иқтибос гирифта шудааст, ки мазмун ва муҳтавои мақоларо бою ғанӣ гардонидааст. Ҳар гуна тағйиротҳои савтӣ дар забон вобаста ба талаботи коммуникативии гӯянда, пайдошавии вожаҳои нав дар низоми луғавӣ, ки ба рушди забон мусоидат мекунад, мавриди назар қарор мегирад. Мисолҳои дар мақола истифодашуда, дар асоси луғатномаҳои забони фаронсавӣ ва фарҳанги муосири фаронсавӣ-форсӣ гирифта шуда, таҳаввулоти овозии калимаҳои фаронсавӣ дар забони форсӣ дақиқу равшан ба назар мерасанд. Масъалаи нигоҳдошти савтии калимаҳои иқтибосшуда, ба қонуну қоидаҳои забони иқтибосгиранда мутобиқ гардонида шудаанд, ки далели ин гуфтаҳоро мисолҳои мавриди пажуҳиш қарор гирифта муайян менамоянд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 11, № 3 (соц.-гум.)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан