ТАКМИЛИ СИЁСАТИ МИНТАҚАВӢ ДАР СОҲАИ ДАРОМАДИ АҲОЛӢ
Масъалаҳои такмили сиёсати минтақавӣ дар соҳаи даромади аҳолӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Зарурати танзими давлатии даромади аҳолӣ, махсусан дар шароити иқтисоди бозорӣ баррасӣ шуда, бо дарназардошти вазъи воқеии сатҳи зиндагии аҳолии манотиқи кишвар, аз ҷумла аҳолии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии калидии такмили сиёсати иҷтимоии давлатӣ пешниҳод гардидаанд. Дар асоси таҳлили сохтори даромади аҳолии вилояти Суғд дар даҳсолаи охир, таҳлили муқоисавии музди миёнаи меҳнат дар минтақаҳои кишвар, музди меҳнати миёна дар навоҳии вилоят, чораҳои асосии давлатӣ тавассути таҳияи барномаи баробарсозии даромади аҳолии минтақаҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ, минтақа ва маҳаллӣ асоснок карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (92)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП