ТАКМИЛИ МЕХАНИЗМИ МОЛИЯВИИ ИДОРАКУНИИ РАВАНДИ ТАВАРРУМ ДАР ШАРОИТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маќолаи пешнињодгардида механизмњои молиявии идоракунии раванди таваррумро дар шароити Љумњурии Тољикистон дар бар мегирад. Муаллифон кўшиш кардаанд, ки ташаккули таваррумро аз рўи аломатњои номуътадилии макроиқтисодӣ ва номутаносиби макроиқтисодӣ дар доираи талабот ва пешниҳод баррасӣ намоянд. Арзёбии сатҳи таваррум аз мавқеи илми иқтисодӣ ва коркарди механизмҳои молиявии он бо истифода аз усули индексии тағйирёбии нисбии дараҷаи миёнаи нархҳо ва муќоиса дар муддати муайян мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Ин барои таҳия намудани сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати андозию буҷавӣ ва сиёсати сохтории рушди иќтисоди миллї хеле муҳим мебошад. Мақоми таваррум бо истифода аз нишондињандањои бевосита ва бавоситаи инъикоси он људо карда шуда, дар ин замина, маълумотњо бобати такмилдиҳии механизмҳои молиявии идоракунии раванди таваррум пешниҳод гардидааст. Ҳамаи ин дар заминаи шакл ва роњњои сиёсати зиддитаваррумї моњиятан аз заминањои ташаккулёбии захирањо, натиљањои истифодабарии онњо дар самти истењсол ва хизматрасонињо мавќеъ пайдо кардааст. Интихоби роњњои батанзимдароварии таваррум дар нињояти кор аз стратегияи рушди ин ё он минтаќа вобастагї пайдо карданаш, тибқи таљрибаи мамлакатњои пешрафта нишон дода шуда, ташаккули сатҳи таваррум аз ҷониби такрористеҳсол дар зери таъсири динамикаи талабот ва фишори хароҷоти истеҳсолот баромадааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (37)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет