Central AsianResearch Index

ТАКМИЛИ ИНТЕГРАТСИЯИ АГРОСАНОАТӢ ДАР АСОСИ КЛАСТЕРИКУНОНӢ

Дар мақолаи мазкур самтҳои ба роҳ мондани интегратсияи агросаноатӣ дар заминаи кластеркунонӣ ва сиёсати агросаноатии давлат, аз он ҷумла ташаккули робитаҳои кластерӣ, зарурати таҳкими фаъолиятҳои иқтисодӣ, шаклҳои ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ , рушди самаранокии кластерҳои пахтакорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба ин соҳа ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот баррасӣ гардидаанд. Ҳамзамон дар мақола самтҳо ва роҳҳои асосии баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, мавриди таҳлил қарор дода шудаанд. Бо ин мақсад тадбирҳои муҳим татбиқ гардида, роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди қонунгузории иқтисоди миллӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии комплекси агросаноатӣ ва самаранокии рушди истеҳсолоти кишоварзӣ пешниҳод карда шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2310-3957
Издатель
Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана