ТАКМИЛИ ИДОРАКУНИИ ХАВФҲОИ АСЪОРЇ ДАР БОНКҲОИ ТИЉОРАТЇ
Дар мақола масъалаҳои марбут ба идоракунии хавфҳои асъорӣ баррасӣ гардидааст. Самтҳои асосии фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ , ки ба хавфҳои асъорӣ бештар дучор меоянд, муайян карда шуданд. Омилҳои маҳдудкунанда муайян ва механизмҳои мушаххасе пешниҳод карда мешаванд, ки ба беҳтар намудани идоракунии хавфҳои асъорї дар бонкҳои тиҷоратӣ дар асоси усулҳои классикӣ, ба монанди ҳеҷкунӣ ва дар заминаи усулҳои муосир, ба монанди “неттинг” ва “мэтчинг” нигаронида шудаанд. Модели кам кардани хавфҳои асъорӣ дар асоси муайян кардани таносуби ҳадди имконпазири оптималии асъорҳо дар сандуқи асъори бонк, бо мақсади ба даст овардани даромади ҳадди аксар аз амалиёти асъорӣ такмил дода шуд. Хавфи мавқеи кушода бо асъори гуногун аз ҳисоби ҷуброни зарари як асъор бо фоида нисбат ба дигар асъор ҳангоми сатҳи пасти коррелятсияи қурбҳои мазкур коҳиш дода мешавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 1 (25)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет