ТАКМИЛИ ҶАНБАҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ТАНЗИМИ ШАРИКИИ ДАВЛАТИЮ ХУСУСӢ ДАР САТҲИ МИНТАҚАҲО
Зикр гардидааст, ки такмили принсипщои танзими шарикии давлатию хусусӣ дар сатҳи минтақа яке аз самтҳои асосии идоракунии ШДХ дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъкид гардидааст, ки ба вуҷуд овардани шароити мусоиди институтсионалӣ фаъолияти самараноки бахши хусусиро бо бахши давлатӣ бояд таъмин намояд. Маҳз чунин ҳолат барои расидан ба мақсадҳои гузошташудаи ҳам бахши давлатӣ ва ҳам сектори хусусӣ мусоидат мекунад, барои ҳалли масъалаи таъмини субъектҳои хоҷагидорӣ бо захираҳои зарурӣ ва муҳити рақобатӣ байни иштирокдорони бозори меҳнат имкониятҳои воқеӣ ба миён меорад. Хулоса шудааст, ки ҳалли вазифаҳои мазкур коркард ва амалигардонии якчанд тадбирҳои зеринро талаб мекунад: ташаккули сиёсати иқтисодии давлат барои таъмини амалигардонии самарабахши раванди такрористеҳсол аз ҷониби субъектҳои бизнеси хурд ва миёна дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ; дувум, ба вуҷуд овардани омилҳои самараноки молиявӣ, ки ба даромади захираҳои инвеститсионӣ дар рушди иқтисодиёти минтақаҳо мусоидат мекунанд; амалигардонии танзими давлатии рушди иқтисодӣ бо ёрии на тадбирҳои маъмурӣ, балки тадбирҳои самараноки иқтисодӣ. Аз нуқтаи назари танзими назариявӣ маҷмӯаи қоидаҳои асосии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки пояи истеҳсолот, мубодила ва тақсимотро ташкил мекунанд, чун муҳити институтсионалии ҷамъият муайян карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4 (93)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП