ТАФСИРИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ОИД БА УСУЛИ ТАҲЛИЛИ СИСТЕМАВӢ ВА СИСТЕМАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ОММАВӢ
Дар мақола натиҷаҳои таҳлили адабиёти илмӣ оид ба усули таҳлили системавӣ ва назарияи системаҳои хизматрасонии оммавӣ баррасӣ шудаанд. Диққати махсус ба таҳлили моделҳои классикӣ оид ба навбат , аз ҷумла системаҳои якканала ва бисёрканала, системаҳои дорои афзалият ва моделҳои стохастикии хизматрасонӣ равона шудааст. Дар заминаи маҷмуи афзалиятҳо ва маҳдудиятҳои моделҳои классикӣ, тамоюли рушди системаҳои иттилоотии тақсимшуда, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва ҳисоббарории абрӣ арзёбӣ шуда, самтҳои такмили минбаъдаи онҳо бо истифода аз усулҳои моделсозии математикӣ , омӯзиши мошинӣ, таҳлили системавӣ ва идоракунии зеҳнӣ нишон дода шудаанд. Хулоса гардидааст, ки рушди ояндаи системаҳои иттилоотӣ ба татбиқи моделҳои гибридии мутобиқшаванда ниёз дошта, метавонанд дар болобарии самаранокӣ, устуворӣ ва сифати хизматрасонӣ дар муҳитҳои рақамии муосир нақши калидӣ бозанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 11, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3107-2348
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан