Central AsianResearch Index

ТАФАККУР ВА РИСОЛАТИ ИҶТИМОӢ ДАР ШЕЪРИ АСКАР ҲАКИМ

Мақолаи мазкур ба таҳлили ҳамаҷонибаи эҷодиёти Аскар Ҳаким шоири андешавар ва иҷтимоънигор, бахшида шудааст, ки фаъолияташро метавон ба ду давраи таърихӣ шуравӣ ва Истиқлол тақсим кард. Бо такя ба маҷмуаи ҳафтҷилдаи ашъораш, ки соли 2017 интишор ёфтааст, муаллиф равандҳои шаклгирӣ ва таҳаввули фикриву бадеии шеърро дар тӯли беш аз панҷоҳ сол арзёбӣ менамояд. Дар маркази таҳқиқ эҳёи анъанаҳои миллӣ, мазмунҳои иҷтимоӣ ва ватанпарастӣ қарор гирифтаанд. Ашъори давраи аввал бо ғояҳои идеологӣ ва иҷтимоии замони шуравӣ тавъам буда, тадриҷан ба фазои фалсафӣ ва ирфонӣ мегузарад. Муаллиф тавассути намунаҳои возеҳ нишон медиҳад, ки Аскар Ҳаким ба шеър ҳамчун воситаи андешаронӣ ва бедории маънавӣ менигарист. Мавқеъгирии устувори иҷтимоии шоир, камнависӣ, масъулиятшиносӣ ва ҷиддияти интиқодӣ яке аз вежагиҳои асосии сабки ӯст. Муаллиф бо шеваи илмӣ собит мекунад, ки шеър барои Аскар Ҳаким на воситаи эҳсос, балки абзори шуур, хирад ва бедорӣ будааст. Навъи нигариш, шакли изҳор, ва ҷойгоҳи мавзуъҳо дар ашъори ӯ ба таври комил ба поэтикаи миллӣ ва рисолати иҷтимоии адабиёт пайванд мехӯранд. Таҳқиқ дар ниҳоят ба хулоса мерасад, ки саҳми Аскар Ҳаким дар таърихи назми муосири тоҷик, ба хусус, дар ривоҷи шеъри иҷтимоиву фалсафӣ бориз аст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни