ТАДБИРҲОИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СИЁСАТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР МИНТАқАҲО
Масъалаи танзими раванди ташаккул ва инкишофи истеҳсолоти инноватсионӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Қайд шудааст, ки механизмҳои бозорӣ ба сари худ пайдошавии инноватсияҳоро дар корхонаҳо ҳавасманд гардонида наметавонанд, бинобар ин сиёсати инноватсионӣ ҳатман бояд самти афзалиятноки амалигардонии танзими давлатии ҳам иқтисодиёт ва ҳам сиёсати минтақаи мушаххас гардад. Таъкид гардидааст, ки дастгирии давлатӣ яке аз самтҳои муҳимтарини амалигардонии танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ дар сатҳи минтақаҳо ба ҳисоб меравад. Таърифи мафҳумҳои асосии танзими давлатии фаъолнокии инноватсионии минтақавӣ, аз ҷумла “ фаъолнокии инноватсионӣ ” ва “танзими давлатӣ ” пешниҳод шудааст. Ташаккул ва рушди низомҳои инноватсионии минтақавӣ пайгирӣ шудааст. Хулоса шудааст, ки сиёсати инноватсионии минтақавӣ, самарабахшӣ ва бомуваффақиятии он мустақиман ба муҳити инноватсионии минтақа умуман ва вазъияти умумии иқтисодӣ хусусан таъсир мерасонанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (88)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП