ТАБДИЛДИҲИИ ПАСАНДОЗҲОИ АҲОЛӢ БА САРМОЯГУЗОРӢ: МУШКИЛОТҲОИ ТАШАККУЛ ВА САМТҲОИ РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақолаи мазкур мушкилотҳои ташаккул ва самтҳои рушди табдилдиҳии пасандозҳои аҳолӣ ба сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифтааст. Дар асоси таҳқиқи адабиётҳои иқтисодии ватанию хориҷӣ муаллифон кушиш намудаанд, ки ҳолат ва тамоюлҳои рушди табдилдиҳии пасандозҳои аҳолиро ба сармоягузорӣ дар шароити рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат таҳлил ва арзёбӣ намоянд. Дар раванди таҳқиқ ва таҳлили масоили мазкур ҳаҷми захираҳои молиявӣ ва иқтидори сармоягузории аҳолии мамлакат муайян карда шуда, таносуби захираҳои молиявии аҳолӣ , сармоягузориҳои аҳолӣ ва маблағҳои интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба ММД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар таъмини руди иқтисодӣ арзёбӣ гардидааст. Ҳамзамон, механизми табдилдиҳии пасандозҳои аҳолӣ бо қарз ва ҳиссаи онҳо дар таркиби қарзҳои ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тамоюлҳои рушди он баҳодиҳӣ гардидааст. Натиҷаи таҳлили таҷрибаи пасандозҳои аҳолӣ дар мамлакат нишон дод, ки танҳо қисми ками пасандозҳои аҳолӣ ба сармоягузории дохилӣ табдил меёбанд. Дар натиҷаи таҳқиқ ва таҳлили ин масоили муҳими иқтисодӣ омилҳои асосии боздорандаи раванди рушди устувори пасандозҳои аҳолӣ ва мушкилотҳои ба раванди ташаккулёбӣ ва табдилдиҳии пасандозҳои аҳолӣ ба сармоягузорӣ , ки ба таври назаррас монеа мешаванд, ошкор гардида, доир ба истифодаи самараноки иқтидори пасандозҳои аҳолӣ ва таъмини рушди устувори табдилдиҳии онҳо ба сармоягузорӣ дар иқтисодиёти миллӣ назари муфллифон баён гардидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2.1 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет