Central AsianResearch Index

ТАҒЙИРЁБИИ ПАРАМЕТРҲОИ АТМОСФЕРӢ ДАР ИССИҚКӮЛ СОЛҲОИ 2007-2024

Мақола ба натиҷаҳои таҳқиқоти тағйирёбии параметрҳои атмосфера ( ғафсии оптикии аэрозол , буғи об ва параметри Ангстром ) дар Иссиқкӯл дар давраи солҳои 2007-2024 бахшида шудааст, тағйиротҳои назаррас дар ин давраи зикршуда, мушоҳида ва муайян карда шудааст. Солҳои 2008 (0,15), 2020 (0,16), 2021 (0,18), 2023(0,16) ва 2024 (0,16) нисбат ба солҳои 2007 (0,12), 2009 (0,13), 2010 (0,13), 2014 (0,12), 2015 (0,12), 2016 (0,12) ва 2022 (0,12) ғафсии оптикии аэрозол зиёд ба қайд гирифта шудааст, ки ин аз нисбатан ба ифлос будани атмосфераи Иссиқкӯл шаҳодат медиҳад. Қимати миёнаи параметри Ангстром баръакс аст. Камшавии параметри Ангстром ба зарраҳои калонандоза ва зиёдшавии он ба афзудани зарраҳои хурдандоза дар атмосфера вобаста аст. Қимати миёнаи ғафсии оптикии аэрозол 0,14 параметри Ангстром 0,83 ва буғи об дар тамоми сутуни атмосфера 1,2см ба қайд гирифта шудааст. Қимати калонтарини ғафсии оптикии аэрозол 0,18(2021), параметри Ангстром 1,05(2022) ва буғи об дар тамоми сутуни атмосфера 1,5см (2011) ба қайд гирифта шудааст. Қимати хурдтарини ғафсии оптикии аэрозол 0,12(2007, 2014-2016), параметри Ангстром 0,43 (2011) ва буғи об дар тамоми сутуни атмосфера 0,93см (2019 ва 2021) ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ муайян карда шуд, ки бо қимати калонтарини ғафсии оптикии аэрозол 0,18 соли 2021 Иссиқкул аз ҳама зиёд ифлос дар муддати солҳои омузиши 2007-2024 будааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 11, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3107-2348
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан