Central AsianResearch Index

ТАҚСИМОТИ МАЪМУРӢ-ҲУДУДӢ ВА СИЁСИИ ВАРОРУД ДАР АВЕСТО

Гузаштагони шарафманди халқи тоҷик ба ҳайси парчамбардорони тамаддуни оламгири ориёӣ дар бисёр иқлимҳо эътироф гардида буданд. Ин даъворо манбаъҳои сершуморе, ки чи дар давраҳои бостонӣ (Ҳеродот ва иддаи бузурги таърихнигорони Юнон ва Рими Қадим, сарчашмаҳои чинӣ) ва асри миёна, чи асарҳои бунёдии ховаршиносонии таърихи нав ва навтарини Ғарб бо далелҳои шайъӣ собит кардаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар ин ҷода ду тан сарсупурдагони миллат – аллома Бобоҷон Ғафуров ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои барҷаста ба ҷо овардаанд. Яке бо асари ҷовидонии «Тоҷикон» ва дуюмӣ бо китоби гаронарзиши «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ҷойгоҳи тамаддуни миллати хештанро басе баланд нишон дода тавонистанд. Ин ду қаҳрамони миллат ба хулосаи асосноке расидаанд, ки гузаштагони мардуми мо аз бунёдгарони таҳкурсии устувори тамаддуни ориёӣ буданд. Ва бинои тамаддуни ҷаҳонгири ориёӣ маҳз дар замини зархези Фароруд, ба истилоҳи имрӯза Осиёи Марказӣ, эъмор гардида буд. Андешаи мазбурро аксарияти аҳли илми соҳа якдилона ҷонибдорӣ менамоянд. Муҷиби чунин ҳамдилӣ гавҳари шаҳворест, ки ниёгони мо ҳанӯз дар авони зода шуданҳои тамаддуни башарӣ дар гунаи модари китобҳои олам – Авесто таҳия намуда, ба наслҳои саодатманди имрӯзаи ориёӣ мерос монда буданд. Дар мақолаи мазкур муаллиф маълумотҳои ҷуғрофии дар фаслҳои гуногуни Авесто баёнгардидаро, ки бештар ба кишвари нахустин тааллуқ доранд, мавриди назар қарор додааст. Инчунин, масъалаҳои умдаи Авесто равшан сохтани ҳудуди навоҳии шарқии минтақаҳои Осиё, сарзамини нахустини маскуншавию ташаккулёбии халқҳои эронӣ, Осиёи Миёна ва вилоятҳои ҳамҷавори он, ҳаракати таърихии қабилаҳои эронизабон дар мақола таҳлилу баррасии худро ёфтаанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни